Сафири тоҷик ба шоҳи Испания эътимоднома супорид

Рӯзи 5 апрели соли 2018 маросими тантанавии супоридани эътимодномаҳои сафири тоҷик ба Аълоҳазрат, шоҳи Испания Филиппи VI баргузор гардидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 апр- Sputnik. lСафири Тоҷикистон дар Швейтсария ва Шоҳигарии Испания  Ҷамшед Ҳомидов ба Шоҳигарии Испания сафар кардааст.

Дар рафти сафар рӯзи 4 апрели соли ҷорӣ сафир бо Директори кулли корҳои урупоии Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории Шоҳигарии Испания, Хуан Лопес-Ҳеррера ва Директори Агентии ҳамкории байналмилалии Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории Шоҳигарии Испания, Элена Перес-Виллануева мулоқот кардааст.

"Рӯзи 5 апрели соли 2018 маросими тантанавии супоридани эътимодномаҳои Сафир ба Аълоҳазрат, Шоҳи Испания Филиппи VI баргузор гардид", — омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин сафир аз қароргоҳи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳии СММ дар шаҳри Мадрид боздид карда, масъалаи рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин созмон, хусусан дар партави эълон намудани соли 2018 ҳамчун "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ"-ро бо Директори минтақавии Аврупо, Изабел Гараня баррасӣ кардааст.