Ҳашар дар Дарвоз: омодагии Тоҷикистон барои пешвози гардишгарон

Дар шаҳри Панҷиканд, ноҳияҳои Дарвоз ва Варзоб дар маконҳои гардишгарӣ ҳашар баргузор шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 апр- Sputnik. Бо ибтикори Кумитаи сайёҳии Тоҷикистон дар Панҷиканду Дарвозу Варзоб ҳашар гузаронида шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ин ниҳод.

Бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии  Тоҷикистон ба муносибати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маъракаи тозакунии мавзеъҳои сайёҳгузар, аз ҷумла, "Панҷакенти қадима", шаҳри қадимаи "Карон" ва минтақаи истироҳатии Варзоб дар шаҳри Панҷиканд ва ноҳияҳои Дарвозу Варзоб бо ширкати роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Кумитабаргузор шудааст.

Бадахшон беҳтарин макони гардишгарӣ дар ҷаҳон шинохта шуд

Ҳамчунин дар ин ҳашар намояндагони  ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва донишҷӯёни бахшҳои сайёҳӣ ширкат кардаанд.

Гуфта мешавад, ки иқдоми мазкур ба хотири омодагиҳо ба мавсими нави сайёҳӣ ва чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ, ки давоми соли 2018 дар ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст, роҳандозӣ гардидааст.

Қобили зикр аст, ки  сайёҳии экологӣ ё худ экотуризм чунин фазое эҷод мекунад, ки ҳангоми ҳифзи муҳити атроф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ василаи муҳими даромади иқтисодӣ ба аҳолии маҳаллӣ мегардад.

Пештар хабар дода шуд, ки Бунгоҳи таҳлилии "ТурСтат", ки кишварҳои писандидаи ҷаҳонгардони русиро радабандӣ мекунад, Тоҷикистонро яке аз беҳтарин мақсадҳои гардишгарӣ шинохтааст.

Ин бунгоҳ ҳамчунин шумориш карда, ки шаҳрвандони Русия дар соли 2017 камобеш 40 милюн сафар ба хориҷа анҷом додаанд, ки 25 дарсад бештар аз соли 2016 аст.

Писандидатарин кишвар барои русиён Туркия буда ва пас аз он Абхозистон, Финланд, Қазоқистон, Укроин ва Чин беҳтарин мақсадҳои гардишгарӣ шумурда шудаанд.

Тоҷикистон дар ин радабандӣ аз Норвегия, Шведия, Дания, Маҷористон, Белгия ва Малдив пеш гузашта аст. Поинтарин ҷойгоҳро дар ин радабандӣ Португалия дорад.