Рустам Эмомалӣ барои таъмири VIP-толори фурудгоҳи пойтахт паймонкор меҷӯяд

Шаҳрдории Душанбе барои таъмири асосии чанд иншоот дар Душанбе паймонкор меҷӯяд. Раиси шаҳр бо тавсиби қарори вижа барои интихоби паймокорон озмун эълон кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад, бо қарори шаҳрдори пойтахт Рустам Эмомалӣ чанд кӯчаи шаҳр ва VIP-толори фурудгоҳи пойтахт  таъмир мегардад.Шаҳрдор барои интихоби паймонкор барои иҷрои корҳои сохтмонӣ озмун эълон кардааст.

Ҳамин тавр, кӯчаҳои А.Дониш, аз VIP-толори ҶСК "Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе" то буриши кӯчаи С.Айнӣ ва кӯчаи С.Айнӣ, аз буриши кӯчаи А.Дониш то буриши хиёбони Рӯдакӣ," ва  хиёбони Рӯдакӣ аз буриши кӯчаи С.Айнӣ то буриши кӯчаи Карамов" аз таъмири асосӣ бароварда хоҳанд шуд.

Довталабоне, ки мехоҳанд дар иҷрои ин тарҳ иштирок кунанд, метавонанд дар тендер ширкат кунанд.

Ҳуҷҷатҳое, ки аз довталабон талаб карда мешавад, дар вебгоҳи Ҳукумати шаҳри Душанбе номбар шудаанд.