Саломати гавҳари ноёб: дар Пажўҳишгоҳи гастроэнтерология як рӯз ройгон ташхис мекунанд

Ҳамзамон, аз ҷониби устодони муассисаҳои олӣ ва касбии таълимии тиббӣ бо доираи васеи аҳолӣ сўҳбатҳо ва машваратҳои тахассусӣ гузаронида мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Тавре Вазорати тандурустии Тоҷикистон гузориш медиҳад, як рӯз дар  Пажўҳишгоҳи гастроэнтерология ҶТ барои шаҳрвандони кишвар ташхис ройгон аст.

Бино бар иттилои манбаъ, ин чорабинӣ бахш бахшида ба "Рўзи умумиҷаҳонии саломатӣ" доир карда мешавад.

"Рӯзи 7 апрели соли равон аз соати 8.00 то соати 12.00 дар Муассисаи давлатии "Пажўҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо иштироки устодону профессорон ва мутахассони баландпояи соҳавӣ чорабинии умумиҷумҳуриявӣ зери шиори "Фарогирии умумии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ" гузаронида мешавад",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар доираи чорабинии мазкур, ки ҳамзамон дар вилояту шаҳру ноҳияҳо баргузор мегардад, ҷиҳати пешгирии беморшавӣ дар байни аҳолӣ дар тамоми муассисаҳои тиббии кишвар аз ҷониби мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб машварат, муоина ва дигар чорабиниҳои ташхисӣ ба таври ройгон анҷом дода мешаванд.

Ҳамзамон, аз ҷониби устодони муассисаҳои олӣ ва касбии таълимии тиббӣ бо доираи васеи аҳолӣ сўҳбатҳо ва машваратҳои тахассусӣ гузаронида мешаванд.