Маҳкум ба зиндон шудани се қарздор аз “Агроинвестбонк”

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 3 қарздори бонкӣ дар Тоҷикистонро аз 10 то 14 сол бо мусодира амволи онон ба зиндон маҳкум кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Ба гузориши дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон, додгоҳи ноҳияи Сино шаҳрванд Х. Зокировро, ки дар соли 2008 аз "Агроинвестбонк" 100 ҳазор доллар вом гирифта ва дар соли 2009 дар ҳамдастӣ бо яке аз кормандони бонки ёдшуда дубора 150 ҳазор доллар қарз дарёфт намуда ва барои бозпардохти он иқдоме накардааст, ба 11 соли зиндон бо мусодираи амволаш маҳкум кард.

Гуфта мешавад, фарди маҳкумшуда бо қаллобӣ (кулоҳбардорӣ) ва додани ваъдаи фурӯши замин ба теъдоде аз сокинони ноҳияи Турсунзода низ аз 15 нафар 200 ҳазор доллар дарёфт кардааст, аммо замине ба онон вогузор накардааст.

Вай бар асоси ҳукми додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе илова ба 11 соли маҳкумият, бояд 40 ҳазор сомониро ба унвони хисорат ба давлат пардохт кунад.

Ҳамчунин ин додгоҳ ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон ба номҳои Эраҷ Балхов ва Ором Газариянро ба иттиҳоми бозпардохт накардани 60 ҳазор доллар қарз ба "Агроинвестбонк"-и Тоҷикистон ба 14 ва 10 сол зиндон бо мусодираи амволи онон маҳкум кард.

Ин ду нафар низ муваззаф шудаанд, ки илова ба даврони маҳкумияти худ маблағи 60 ҳазор сомониро ба унвони хисорат ба давлат пардохт кунанд.