Нигаронии Назарзода аз афзоиши ҷиноят байни донишҷӯён

Сардори раёсат мегӯяд, ҷиноятсодиркунии донишҷӯён тамоюли зиёдшавӣ дошта, танҳо дар давраи 3 моҳи соли ҷорӣ дар 7 ҳолат донишҷӯёни муассисаҳои олии шаҳри Душанбе даст ба табаҳкорӣ задаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуотии раёсати Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, сардори раёсати ВУД дар Душанбе Шариф Назарзода аз афзоиши ҷиноят байни донишҷӯён изҳори нигаронӣ кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, Назарзода дар ин бора ҳангоми мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон суханронӣ кардааст.

Гуфта мешавад, дар суханронии худ дар назди донишҷӯён  ҷаноби сардори раёсат аз одоби шаҳрнишинӣ, озодии виҷдон, масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, танзими ҷашну маросим ёдрас шуд.

"Шариф Назарзода таъкид дошт, ки, ҷиноятсодиркунии донишҷӯён тамоюли зиёдшавӣ дошта, танҳо дар давраи 3 моҳи соли ҷорӣ дар 7 ҳолат донишҷӯёни муассисаҳои олии шаҳри Душанбе даст ба табаҳкорӣ задаанд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Тавре вай афзудааст, "содиршавии ҷиноят аз ҷониби ин қишри ҷомеа, ки мебояд бо донишу заковат ва амалу кирдори худ дар пешравию шукуфоии ҷомеа саҳмгузор бошанд, вале баръакс баъзе аз донишҷӯён талаботи қонунҳои амалкунандаро нодида гирифта, даст ба кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ мезананд, ки ҷои нигаронист".

Муноқиша ва авбошиҳои гуруҳӣ, ки дар заминаи бадбиниву бузургманишии баъзе аз нафарони дур аз маърифат содир шуда, оқибати он ба бардоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ оварда мерасонад, ҷавобгарии сангинеро дар назди қонун дар пай дорад.