Бунгоҳҳои тиббии Хатлон соҳиби компютерҳо шуданд

Бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва Бонки Умумиҷаҳонӣ дар доираи "Лоиҳаи беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ" бунгоҳҳои тиббии Хатлон соҳиби компютерҳо шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Дар вилояти Хатлон барои пизишкон давраҳои омӯзишӣ гузаронида шуда, ба якчанд муассисаи танурустии ин минтақаи кишвар дастгоҳ ва лавозимоти муосири тиббӣ дастрас карда шудааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки иқдоми мазкур бо ибтикори Вазорати тандурустӣ дар ҳамкорӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ дар доираи "Лоиҳаи беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ" рӯи даст гирифта шудааст.

Аз ноҳияҳои таҷрибавии вилояти Хатлон 897 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ ба давраҳои омӯзишӣ оид ба асосҳои компютерӣ фаро гирифта шуда, аз 7 ноҳияҳои ғайритаҷрибавӣ 111 нафари дигар низ, аз омузиши нозукиҳои техналогияи муосир ба таври ройгон бархурдор шудаанд.

Дар баробари баргузории курсҳои омӯзишӣ, ҳамзамон ба муассисаҳои тиббии 5 ноҳияи таҷрибавӣ, 105 адад ноутбук, 283 адад планшет, 105 адад принтер ва 5 адад дастгоҳҳои нусхабардорӣ ба марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии ноҳияҳои Фархору Ёвон, Данғара ва Кубодиёну Ҷалолиддини Балхӣ, дастрас карда шудааст.

Бо мақсади мустаҳкам намудани базаи моддиву техникии муассисаҳои тандурустии 7 шаҳру навоҳии ғайритаҷрибавии минтақаи Қурғонтеппаву Кӯлоб, 23 адади дигар ноутбукҳо пайваст бо шабакаи интернетӣ тақсим гардида, 1008 нафар духтурону хамшираҳои шафкати бунгоҳу марказҳои саломатии деҳотӣ, ҳамчунин оид ба истифодаи шабакаи ягонаи идоракунии итилоотии тандурустӣ омўзонида шуданд.