Саҳми Айнӣ дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ: дар Душанбе ҳамоиши илмӣ доир мешавад

Барои ширкат дар ҳамоиш матни маърӯзаро то 6-уми апрели соли 2018 ба нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25, ошёнаи 3-юми бинои Тоҷикфилм ё ин ки почтаи электронии Кумита kumitaizabon@mail.ru бояд ирсол кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 13-уми апрели ҷорӣ  бахшида ба 140-солагии  Садриддин Айнӣ ҳамоиши илмиву ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад вебгоҳи кумита.

 Бино бар иттилои манбаъ ҳамоиш таҳти унвони "Саҳми устод Айнӣ дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ ва бузургдошти фарҳанги суннатӣ" доир гардида, дар он ширкати олимону донишмандони кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Бақайдгирии ширкаткунандагон дар толори Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" соати 08:00 оғоз мегардад.

"Дар Конференсия масъалаҳои марбут ба ҳаёту фаъолият ва саҳми бузурги устод Садриддин Айнӣ дар ҳифзи асолати забон ва бузургдошти анъанаҳои миллӣ ва мақоми ҷаҳонии Айнӣ ҳамчун мутафаккири тоҷик баррасӣ хоҳад шуд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Барои иштирок дар ҳамоиш матни маърӯзаро то 6-уми апрели соли 2018 ба нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25, ошёнаи 3-юми бинои Тоҷикфилм ё ин ки почтаи электронии Кумита kumitaizabon@mail.ru бояд ирсол кард.

Ёдрас мешавем, имсол Тоҷикистон 140-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айниро таҷлил мекунад.