Сармоягузорони араб имкониятҳои маблағгузориро дар Тоҷикистон меомӯзанд

Соҳибкорон ва сармоягузорони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ нақша доранд, ки шароит ва имконоти бозори Тоҷикистонро барои сармоягузорӣ омӯзанд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Раиси Сарраёсати сайёҳӣ ва мероси миллии Арабистони Саудӣ шоҳзода Султон ибни Салмон ибни Абдулазиз бо раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода ва ҳайати ҳамроҳони ӯ мулоқот намуд. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гузориш медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҷанбаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва мероси миёни Шоҳигариву Тоҷикистон ва воситаҳои таҳким ва рушди онҳо баррасӣ шуд. Ҷонибҳо ҳамнчунин ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум дар соҳаи сайёҳӣ миёни ду кишварро баррасӣ намуданд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорони саудӣ давоми соли равон ба Душанбе мераванд.

"Тавофуқоти марбута дар чорабиниҳо дар Арабистони Саудӣ мувофиқат карда шудаанд",- омадааст дар хабари манбаъ.

Дипломатҳои ояндаи тоҷик ба Арабистони Саъудӣ мераванд

Тавре дар гузориши дафтари матбуотии ВУХ омадааст, 1-2 апрели соли равон дар шаҳри Риёз ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию техникӣ, инчунин 2-3 апрел дар шаҳрҳои Риёз ва Ҷидда форуми соҳибкорони ҳарду кишвар доир гардиданд.

дар ҷаласа фазо ва имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон ба доираҳои тиҷоратӣ ва сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ муаррифӣ карда шуда, як зумра лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои баррасӣ ва омӯзиш ба ҷониби Шоҳигарии Арабистони Саудӣ пешниҳод карда шуданд.

Аз соли 2007 то соли 2017 сармоягузорони Арабистони Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон 160,2 миллион доллари ИМА сармоягузорӣ кардаанд.