ВУД аз сокинон барои пайдо кардани Ёсинҷони 4-сола кӯмак мехоҳад

Нафароне, ки ӯро дар ягонҷо дидаанд, ё дар борааш ягон маълумот доранд, метавонанд ба рақами телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ 221-21-21 ва ё 93 121 50 01 занг зананд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш мекунад, ки барои пайдо кардани Ёсинҷон Мирови 4-сола ба мақомот кӯмак кунанд.

Тавре дафтари матбуотии ВУД ҶТ хабар медиҳад, Миров Ёсинҷон Талабшоевич, соли таваллудаш 2014, сокини деҳаи Сабзикори ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ, рӯзи 1-уми парели соли 2018, тахминан соати 09:30-дақиқа, аз хона баромада, бедарак гум шудааст.

"Вазорати умури дохилӣ аз тамоми шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки барои пайдо намуданиЁсинҷони хурдсол бо мақомоти милиса ҳамкорӣ намоянд",- менависад манбаъ.

Нафароне, ки ӯро дар ҷойе дидаанд, ё дар борааш ягон маълумот доранд, метавонанд ба рақами телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ 221-21-21 ва ё 93 121 50 01 занг зананд.

Пештар хабар дода шуд, ки милисаи шаҳри Душанбе волидони писарбачаи тақрибан 4-5-соларо меҷӯяд.

Вазорати корҳои дохилӣ аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки дар муайян кардани шахсияти писарбача ва ба волидонаш расонидани ӯ ҳамкорӣ намоянд.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 27-уми марти соли 2018, кормандони милитсия писарбачаи 4-5-соларо ёфтаанд.

Писарбача номашро Кароматулло мегӯяду дар куҷо будани хонаашонро намедонад. Писарбача номи падарашро Қурбон ва модарашро Зебо мегӯяд.
Дар ҳоли ҳозир писарбача дар Қабулгоҳ-тавҳилгоҳи ХПҲНҶ ВКД нигаҳдорӣ мешавад.