Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, ҳарорат дар баъзе минтақаҳо ба 31 дараҷа мерасад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Имрӯз, 5 апрел дар вилояти Суғд ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11-16 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 5 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 10-15 дараҷа сард ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда мешавад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 11-16 ва рӯзона 29-34 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, шабона дар водиҳо 9-14 ва рӯзона 26-31 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шабона 10-12 ва рӯзона 29-31 дараҷа гарм мешавад.