Раисҷумҳур сардори Хадамоти амнияти давлатиро барканор кард

Дамир Мусакеев раҳбарии Хадамоти амнияти давлатии назди раисҷумҳурро аз даврони Алмосбек Отамбоев бар дӯш дошту пас аз ба сари қудрат омадани Жээнбеков корашро идома дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков муовини Хадамоти амнияти давлатии кишвар, Дамир Мусакеевро, ки раҳбарии Хадамоти амнияти давлатиро бар дӯш дошт, барканор кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳури Қирғизистон.

"Раисҷумҳур Сооронбой Жээнбеков қарореро имзо кард, ки мувофиқи он Мусакеев Дамир Сагиндикович аз вазифаи сардори Хадамоти нуҳӯми амнияти давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон дар вазифаи муовини сардори Хадамоти амнияти давлатии Қирғизистон аз вазифа сабукдӯш карда шуд", — омадааст дар хабарнома.

Мусакеев раҳбарии Хадамоти амнияти давлатии назди раисҷумҳурро аз даврони Алмосбек Отамбоев бар дӯш дошту пас аз ба сари қудрат омадани Жээнбеков корашро идома дод.