Лавров вазири умури хориҷаи Тоҷикистонро ба Русия даъват кард

Интизор меравад, ки Сироҷиддин Аслов 8-9 апрел ба Маскав сафар кунад. Вазирро ҳамтои русаш даъват кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов рӯзҳои 8-9 апрел ба Маскав сафар мекунад. Дар ин бора намояндаи расмии ВУХ Русия Мария Захарова дар рафти нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар додааст.

Сироҷиддин Аслов бо даъвати ҳамтои русаш Сергей Лавров ба Русия меояд, гуфтааст Захарова.

Намояндаи вазорат ҳамчунин афзудааст, дар рафти музокирот ҷонибҳо, "ба масоили амалӣ кардани натиҷаҳои иҷлосияи Тоҷикистону Русия, ки 27 феврали соли гузашта дар Душанбе бо ишора ба соҳаҳои тиҷориву иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ баргузор гардид аҳамияти хоса хоҳанд дод. Ҳамчунин вазирон ҳамкориҳои кишварҳоро  дар ҳошияи ИДМ, СПАД  СҲШ баррасӣ мекунанд".

Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров ва вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин  Аслов вазъи Афғонистон ва мушкилиҳои амниятии минтақавии Осиёи Марказиро низ фаромӯш нахоҳанд кард.