Хоҳари Фасҳутдинов: мо аз қарори додгоҳ шикоят хоҳем кард

Дар Душанбе ҷаласаи додгоҳии парвандаи ҳалокати рӯзноманигори Sputnik Галим Фасҳутдинов баргузор шуд
Sputnik

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ нисбати Бахтиёр Халифаеви 31-сола, ки 30 январ дар Душанбе хабарнигори радиёи Sputnik Галим Фасҳутдиновро пахш карда буд, ҳукм содир намуд.

Ҳалима Фасҳутдинова-хоҳари рӯзноманигор ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи ҷаласаи додгоҳӣ нақл кард.

Барои иштирок дар ҷаласа наздикони зиёди Галим омаданд, аммо ҳамаи онҳо ба толор нагунҷиданд.

Сестра Галима Фатхуддинова: мы не согласны с решением суда

"Ҷаласаи додгоҳӣ ду соат идома ёфт. Ба муҷрим се солу се моҳ ҳукми зиндон доданд. Ин ҷазои камтарин аст. Мо бо қарори суд розӣ нестаем. Пас аз даҳ рӯз ба ман қарорро дастрас мекунанд ва мо пас аз он аризаи шикоятӣ менависем",- мегӯяд вай.

Ба гуфтаи зан, дар ин гуна парвандаҳои ҷиноятӣ аз 3 сол то 5 сол ҳукми зиндон медиҳанд, аммо додгоҳ сабабҳои сабуккунандаи ҷазоро ба назар гирифт: муҷрим ду кӯдаки ноболиғ дорад ва ҳамсараш ҳомила аст.

"Вай дар аввал  ба гуноҳаш қоил намешуд. Мегуфт, ки гуноҳашро қисаман ба гардан мегирад, зеро тасодуфан Галимро пахш кард. Аммо вай дар  чароғи сурх ва суръати баланд бародарамро пахш карда буд. Маълум шуд, ки барои телефони фаромӯшкардааш шитоб доштааст. Дар охир ба гуноҳаш пурра иқрор шуд",- афзуд Фасҳутдинова.

Галим Фасҳутдинов 45-сола ва яке аз шаҳрвандони тотортабори Тоҷикистон буд, ки солҳо бо шабакаҳои родютелевизюнии "Мир" ва "Голос России" дар Тоҷикистон ҳамкорӣ мекард.

Вай чанд сол хабарнигори бахши русии родюи "Deutsche Welle" ва "Sputnik" дар Душанбе низ буд.

Рӯзи 30-уми январ, тахминан соати 17:20-дақиқа, ронандаи худрави тамғаи "Дамас", Бахтиёр Халифаев соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, дар рӯ ба рӯи бинои истиқоматии №88/1 аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Фастхуддинов Галимҷон Миняровичро пахш кардааст.

Дар натиҷа Фастҳуддинов Галим ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.