Баҳси ҳавоии Тоҷикистону Русия ҳал шуд

Намояндагони Вазорати нақлиёти Русия ва Тоҷикистон имрӯз дар Маскав масоили рушди ҳаракатҳои ҳавоӣ байни ду кишварро баррасӣ карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Русия ва Тоҷикистон маҳдудиятҳоеро, ки пештар барои ширкатҳои ҳавоии якдигар ҷорӣ карда буданд, бекор карданд. Дар ин бора намояндаи Вазорати нақлиёти Русия  ба РИА Новости хабар додааст.

Имрӯз, 4 апрел дар Маскав гуфтушуниди ҳайъатҳои  Русияву Тоҷикистон баргузор шуд.

"Ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки дар оянда низ ҳаракатҳои ҳавоиро байни ду кишвар рушд медиҳанд. Тоҷикистону Русия  ҷадвали парвозҳои ширкатҳои ҳавоиро пурра тасдиқ карданд, ки он ба  ҷадвали зимистонаи 2017-2018 мувофиқ гардонида шудааст",- гуфтааст намояндаи вазорат.

Кӣ зӯртар: Душанбе парвозҳои “Уралские авиалинии” ва “ЮТэйр”-ро кам кард

"Ҳамаи маҳдудиятҳои пештар ҷоришуда бекор шуданд, аз ҷумла онҳое, ки эълон шуда буданд",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Вазорати нақлиёти Русия пештар эълом кард, ки аз 5 апрел иҷозатномаашро ба чанд масири Русия аз ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон  бозпас мегирад. Пеш аз ин кишвар ба чанд парвози дигар низ ба Тоҷикистон иҷозат надода буд.

Афзун бар ин, дар ҷадвали тобистона чор масири нав изофа мешаванд: Перм-Душанбе, "Жуковский"-Кӯлоб, Челябинск-Хуҷанд ва Краснодар-Хуҷанд.

Ҷонибҳо изҳори қаноатмандӣ карданд, ки дар соли гузашта байни Тоҷикистон ва Русия ҳаҷми мусофиркашонӣ зиёд гардида, он 14 дарсадро ташкил додааст.