Пас аз изҳороти ВУХ: Тоҷикистон парвозҳоро аз Бохтар ба Русия ба роҳ монд

Парвозҳо аз Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бохтари пас аз танаффуси чандмоҳа аз сари нав ба роҳ монда шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Тавре расонаҳои расмии Тоҷикистон дар истинод ба намояндаи Фурудгоҳи байналмилалӣ Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) хабар медиҳанд, аз аввали моҳи равон аз Бохтар ба Русия парвозҳо барқарор шуданд. Ба иттилои манбаъ, парврозҳоро аз Бохтар ба Маскав ширкати ҳавоии "Икар"-и Русия анҷом медиҳад.

Айни ҳол байни Русия ва Тоҷикистон аз ин фурудгоҳ дар як ҳафта 4 парвоз ба назар гирифта шудааст. Аз аввали моҳи апрел аллакай ду парвоз ба самти Москва амалӣ гардиданд.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар як изҳорот ихтилофоти ҳавоии миёни Тоҷикистон ва Русияро тавзеҳ дод.

Тавре дар изҳороти ВУХ омдааст, "Тоҷикистон ҳавасманди ҳамкорӣ бо ширкатҳои ҳавоии Русия аст".

Ёдрас мешавем, ихтилофоти ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия миёнаҳои моҳи март оғоз шуд. Ҷониби Тоҷикистон барои парвози ширкати русии "Уралские авиалинии" аз чанд шаҳри Русия ба Тоҷикистон изҷоза надода Русияро ба нақзи созишномаи имзошуда айбдор карда буд.

Вазорати нақлиёти Русия дар навбати худ, чораҳои ҷавобӣ андешида аз 1 апрел парвозҳои ширкати "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр"-ро ба 10 шаҳри кишвараш қатъ кард. Барқияи қатъи парвозҳо рӯзи шанбе ба дасти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон расида буд.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳам парвози панҷ ширкати русӣ: "Уралские авиалинии", UTair, "Сибир", "Северный ветер" ва "Глобус"-ро аз таърихи 2 апрел ба шаҳри Душанбе ва Хуҷанд қатъ кард.