Тезҳушии се донишомӯзи тоҷик доварони олимпиадаи байналмилалиро шигифтзада кард

Наврасон бо дониши амиқи худ аз фанҳои дақиқ бори дигар доваронро шигифтзада карданд. Аккнун онҳо имкон доранд, ки ба донишгоҳҳои Русия бидуни имтиҳон дохил шаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Донишомӯзи тоҷик Далер Пиров дар олимпиадаи байналмилалӣ аз нанотехнология дар Русия беҳтарин дониста шуд.

"Имрӯз гурӯҳи хонандагони тоҷик, ки  дар Олимпиадаи байналмилалӣ аз нанотехнология дар Маскав ширкат карда буданд, ба Тоҷикистон бар гаштанд. Аз онҳо се нафарашон хонандагони  мактаб-интернати "Ҳотам ва ПВ" Далер Пиров, Темур Саломатшоев ва Фараҳманд Ҳасанов буданд.  Озмуни байналмилалӣ аз 25 то 31 март дар Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов баргузор шуд",- хабар медиҳад вебгоҳи литсей.

Донишомӯзони тоҷик дар олимпиадаи Алмаато 11 медал гирифтанд

Ҳамин тарв дар давраҳои гуногуни олимпиадаи мазкур зиёда аз 9,5 ҳазор толибилмон, донишҷӯён, унвонҷӯён ва олимони ҷавони 28 кишвар ширкат доштанд.

Бино бар талаботи озмун, дар он 5-6 довталабе пирӯз мешуданд, ки ҷамъи  холҳои умумии онҳо аз фанҳои риёзӣ, физика, кимиё ва биология бо назардошти хусусияти нанотехнология аз ҳама бештар шавад.

"Аз  Тоҷикистон Далер Пиров пешсаф буд, ки дар байни  довталабони зиёд пирӯз шуд. Ӯро бо дипломи дараҷаи 1 ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ карданд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Темур ва Фараҳманд барои ширкати фаъолонаашон бо диплому туҳфаҳои хотирмон сарфароз  шудаанд.