Рамазон Раҳимзода аз аскарон даъват кард, ки ҳунар омӯзанд

Барои фаро гирифтани аскарону сарбозон ба омӯхтани касбу ҳунар, аз қабили сартарошӣ, нонпазӣ, челонгарӣ, дуредгарӣ ва ғайра тасмим гирифта шуд, ки дар қисми ҳарбӣ Марказӣ таълимӣ таъсис дода шавад, то ки аз дигар қисмҳои ҳарбӣ аскарону сарбозон ба ин ҷо омада, ба омӯхтани касбу ҳунар машғул шаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода аз қисми ҳарбии 6592-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВУД дар шаҳри Турсунзода боздид кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии ВУД ҶТ.

Бино бар иттилои манбаъ, вазир дар рафти ин боздид дар қисми ҳарбӣ дар расми ифтитоҳи ошхона, ҳаммом, сартарошхона ва дигар иншооти хизматию маишии қисмии ҳарбии мазкур иштирок намуд.

Гуфта мешавад, Раҳимзода бо шароити хизмативу маишии афсарону сарбозон, аз он ҷумла, ошхона барои 300 нафар ва нонпазхонаю сартарошхона аз наздик шинос гардид.

"Афсарону сарбозонро зарур аст, ки баҳри амнияти мардум ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятиву ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамеша бо шуҷоату корнамоӣ ва малакаи баланди касбӣ дар сафи пеш қарор дошта, ба Ватан ва давлату миллат содиқона хизмат намоянд",- таъкид доштааст ӯ дар рафти мулоқот бо сарбозон.

Вазир афзудааст, сарбозон бояд ба тарбияи ҷисмонӣ ва обутоби бадан диққати махсус дода, пайваста ба машқу тамрин машғул шаванд ва касбу ҳунар омӯзанд.

"Барои фаро гирифтани аскарону сарбозон ба омӯхтани касбу ҳунар, аз қабили сартарошӣ, нонпазӣ, челонгарӣ, дуредгарӣ ва ғайра тасмим гирифта шуд, ки дар қисми ҳарбии 6592 Марказӣ таълимӣ таъсис дода шавад, то ки аз дигар қисмҳои ҳарбӣ аскарону сарбозон ба ин ҷо омада, ба омӯхтани касбу ҳунар машғул шаванд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Пештар хабар дода шуд, ки дар рӯзи гузашта, 2 апрел дар Душабе аввалин маросими гусерли ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ баргузор шуд. Ҳамин тавр,  40 нафар даъватшудагон ба сафи артиш пайвастанд.