Борон меборад: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Имрӯз, 2 апрел дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрӣ ва баъзе ноҳияҳо боридани борон пешбинӣ мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки боронӣ гашта, дар баландиҳои 2500 м боридани барф дар назар аст. Бод аз сӯи ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ҷойҳо то 18-23 м дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Обу ҳаво: ҳавошиносон аз боридани борону барф ва селу тарма ҳушдор доданд

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда пешбинӣ мешавад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 2-7 ва рӯзона 14-19 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 4-9 дараҷа сард ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ мешавад. Бод аз сӯи ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 12-17 ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад ва дар баландиҳои 2000 м боридани барф дар назар дошта шудааст. Шабона дар водиҳо 10-15 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шуда, ҳарорат шабона 11-13 ва рӯзона 23-25 дараҷа гарм мешавад.