Беҳтарин лаҳзаҳои сабқати аспдавонӣ дар Душанбе

Sputnik

Дар шаҳри Душанбе бо ширкати аспсаворон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ сабқати аспдавонӣ баргузор шуд.
Мусобиқаи аспдовонӣ дар майдони "Наврӯзгоҳ"-и пойтахт гузаронида шуд.

Нахустин шуда Раҳматшо Бегиҷонзода, Нуралӣ Бобомуродов, Азамат Ҷумаев, Фирдавс Саломов, Ҷонибек Юлдошев, Шоҳрух Ятимов, Фирдавс Эграшев ба марра расиданд.

Аспҳо бо лақаби Звезда, Степенний, Богатство, Символ, Цветник, Рассвет, Горец ва Радуга ситораи сабқат шуданд.

Имсол сабқати аспдавонӣ ба муносибати ҷашни Наврӯз, рӯзи 31 март дар "Наврӯзгоҳ"-и пойтахт баргузор шуд.

1 / 11
Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии аспдавонӣ баргузор шуд.
2 / 11
Мӯйсафеде бо чашмони "таҷрибадор" суръати ҳаракати апсҳоро ҳисоб мекунад.
3 / 11
Сабқати аспдавонӣ ба муносибати Наврӯз баргузор шуд.
4 / 11
Ҳар сол барои тамошои сабқати аспдавонӣ мардум аз ҳар гӯшаю канори Тоҷикистон дар Наврӯзгоҳи пойтахт ҷамъ меоянд.
5 / 11
Аспҳо дар масофаи 1 600, 1 000 ва 2 000 метр байни ҳам рақобат карданд.
6 / 11
Лаҳзаҳои хатарнок зимни мусобиқа зиёд буд.
7 / 11
Бе афтидан сабқат нагузашт, вале хушбахтона касе сахт маҷруҳ нашуд.
8 / 11
Аспҳо бо лақаби Звезда, Степенний, Богатство, Символ, Цветник, Рассвет, Горец ва Радуга дар ин сабқат пирӯз шуданд.
9 / 11
Доварони мусобиқа бо диққати том аспдавониро тамошо карда баҳогузорӣ мекарданд.
10 / 11
Духтаре дар даст парчами Тоҷикистон ба аспдавонон ҳаводорӣ мекунад.
11 / 11
Дар баробари ҷоизаҳо ба ғолибон, гулчамбар ҳам тақдим шуд, ки онро дарҳол ба гардани апси худ овехтанд.