Фаъолони иҷтимоъӣ мехоҳанд кӯчае дар Хоруғ ба номи Лидуш Ҳабиб гузошта шавад

Фаъолони иҷтимоъии ҷомеъаи мадании Кӯҳистони Бадахшон мехоҳанд кӯчаедар шаҳри Хоруғ ба номи шоир ва барди тоҷик Лидуш Ҳабиб гузошта шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Гурӯҳе аз фаъолони иҷтимоъӣ дар номае аз шаҳрдори Хоруғ Арамбегим Маҳтобшоева дархост кардаанд кӯчае ё мактабе дар шаҳри Хоруғба номи шоир ва барди марҳум Лидуш Ҳабиб гузошта шавад.

Дар ин дархостнома, ки дар вебгоҳи AVAAZ.org мунташир шудааст, гуфта мешавад:

"Муҳтарам раиси шаҳри Хоруғ, мо сокинони шаҳри Хоруғ ва зодагони ВМКБ аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки дар остонаи таҷлили зодрӯзи шоири тавонои мардуми Бадахшонзамин, ки дар таърихи 2 майи 2018 рост меояд, ва шодравон ЛИДУШ ХАБИБ ба синни мубораки 55 бояд мерасид, дар шаҳри Хоруғ ё ягон мактаб, ё ягон кӯча ба номи ин шахсияти фарҳангӣ номгузорӣ шавад".

Ёдоварӣ мекунем, ки чанде пеш гурӯҳе аз фаъолони иҷтимоъӣ дар номае аз раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед дархост кардаанд тавлиду фурӯши ҳама гуна машруботи алкулӣ ва тамокуиро дар қаламрави ин вилоят мамнуъ кунанд.