"Сомон Эйр" парвозро ба чанд шаҳри Русия қатъ кард

Ширкати "Сомон Эйр" парвоз ба нуҳ шаҳри Русияро қатъ кард. Маблағи билетҳои фурӯхташуда ба мусофирон баргардонида мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" парвоз ба нӯҳ шаҳри Русияро қатъ кард, хабар медиҳад равобити умумии ин ширкат.

"Ширкати "Сомн Эйр" ба саъми мусофион мерасонад, ки бар асоси барқияи "Росавиатсия" аз 31 марти соли 2018 маҷбур аст парвозҳоро ба чанде аз шаҳрҳои Русия қатъ кунад", — омадааст дар хабарнома.

Парвозҳои баланд: ширкати “Сомон Эйр” ҳавопаймоҳои нав мехарад

Ҳамин тавр ширкати "Сомон Эйр" парвозро ба самтҳои зерин қатъ мекунад: Душанбе-Екатеринбург-Душанбе, Душанбе-Иркутск-Душанбе, Душанбе-Қазон-Душанбе, Душанбе-Краснодар-Душанбе, Душанбе-Красноярск-Душанбе, Душанбе-Санкт-Петербург-Душанбе, Душанбе-Сочи-Душанбе, Хуҷанд-Казань-Хуҷанд ва Хуҷанд-Санкт-Петербург-Хуҷанд.

Дар баробари ин иҷозатномаи ширкати "Сомон Эйр" барои анҷоми парвоз ба масири Хуҷанд-Маскав-Хуҷанд дар авоили моҳи апрел ба охир мерасад.

Хатсайрҳои Душанбе-Маскав-Душанбе, Душанбе-Новосибирск-Душанбе, Хуҷанд-Новосибирск-Хуҷанд, Хуҷанд-Краснодар-Хуҷанд ва Кӯлоб-Маскав-Кӯлоб бетағйир мондааст.

"Ба ҳамаи мусофирон ҳаққи билеташон дар ҷои харидашуда бозгардонида мешавад. Дар сурати барқарор шудани парвозҳо мусофирон пешакӣ хабардор карда мешавад. Ширкати "Сомон Эйр" аз мусофирон барои пеш омадани ин мушкил узр мепурсад", — омадааст дар хабарномаи ширкат.