Минбаъд ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳи Хуҷанд шабонарӯзӣ ва новобаста аз ҳаво парвоз мекунанд

Таҷҳизоти нави рушноидиҳӣ имкон медиҳад, ки фурудоӣ ва парвози ҳавопаймоҳо дар дилхоҳ вақти шабонарузӣ, новобаста аз вазъи ҳаво ба сифати баланд ба амал бароварда шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik.Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Маркази таъминоти техникии рушноидиҳии парвозҳо ифтитоҳ шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар маросими ифтитоҳи  марказ раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат кард.

"Таҷҳизоти нави рушноидиҳӣ ва огоҳкунии шуъояш баланд мутобиқ ба талаботҳои дараҷаи якуми "ИКАО" — Ташкилоти байналхалқии авиатсияи гражданӣ бо маблағи умумии 26 миллион сомонӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд сохта шудааст",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Даҳ лаҳзаи ҷолиби сафари Раҳмон ба Суғд

Таҷҳизоти нави рушноидиҳӣ имкон медиҳад, ки фурудоӣ ва парвози ҳавопаймоҳо дар дилхоҳ вақти шабонарузӣ, новобаста аз вазъи ҳаво ба сифати баланд ба амал бароварда шавад.

Лоиҳаи "Таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии техникии аэродроми Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" аз соли 2013 дар се марҳила оғоз шуда буд.

Марҳилаи якум иҷроиши корҳо оид ба мумфаршкунии хатти парвозу фурудоӣ, омода кардани он барои минбаъд васлу насб намудани таҷҳизоти рушноидиҳӣ, давраи дуюм таъминот ва васлу насби таҷҳизоти рушноидиҳӣ-огоҳкунии шуъояш баланд ва марҳилаи сеюм васлу насби системаи нави фурудоии ИЛС аз самти магнитии 258 дараҷаро дар бар мегирифт.

Зимни шиносоӣ бо марказ раисҷумҳур ба роҳбариятиҲукумати вилояти Суғд ва Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд баҳри баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, таъмини сатҳи баланди бехатарии парвозҳо, васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо, ташкили хатсайрҳои нав супоришҳо дод.

Пас аз мулоқот ва машварат бо роҳбарияти фурудгоҳ раисҷумҳур ба Душане баргашт.

Ёдрас мешавем, 28 март кишвардори Тоҷикистон барои ширкат дар тантанаҳои наврӯзӣ ва ифтитоҳи иншоотҳои нав ба вилояти Суғд сафар карда буд.