Даҳҳо ширкати хориҷӣ ба намоишгоҳи "Тоҷикистон-2018" омаданд

Намоишгоҳ бо иштироки беш аз 55 корхона ва ширкатҳои Русия, Белорус, Узбакистон, Чин, Покистон, Афғонистон, Кореяи Ҷанубӣ ва Индонезия гузаронида мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Дар Душанбе Намоиши байналмилалии ҷаҳонии "Тоҷикистон-2018" кушода шуд, иттилоъ медиҳад маркази хадамоти матбуотии Палатаи савдо ва саноати ҶТ.

Намоишгоҳ дар  "Кохи Борбад" бо иштироки зиёда аз 55 корхона ва ширкатҳои Русия, Белорус, Узбакистон, Чин, Покистон, Афғонистон, Кореяи Ҷанубӣ, Индонезия ва Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ташкилкунандандагони намоишгоҳ Палатаи савдо ва саноат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Ба маърази намоишгоҳ самтҳои афзалиятноки рушд, аз қабили энергетика, нақлиёт, таҷҳизоти сохтмонӣ, дастгоҳҳои барқӣ, саноатҳои хӯрокворӣ ва сабук, маводҳои сохтмонӣ, мошинсозӣ, пизишкиву дорусозӣ, маҷмааҳои агросаноатӣ ва техникаи кишоварзӣ, истеҳсоли ҷавоҳирот, гардишгарӣ ва ҳунармандӣ, гузошта шудааст.  

Намоишгоҳ то 31 март давом мекунад.