Эмомалӣ Раҳмон дар Хуҷанд меҳмонхонаи байналмилалӣ ифтитоҳ кард

Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи меҳмонхонаи байналмилалии "Парламент"-ро ифтитоҳ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Ин меҳмонхонаи замонавӣ аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар мавзеи хушманзараи шаҳр — кӯчаи Сирдарё дар соҳили дарё бо тарҳи зебою замонавӣ дар ҳудуди як гектар замин қомат афрохтааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити ин меҳмонхона ба сифати корҳои сохтмонию бунёдии он баҳои баланд додааст.

Тарҳи меҳмонхонаи мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Шаҳрофар" таҳия шуда, паймонкори он кооперативи тиҷоратии «Пирӯз» мебошад.

Истиқболи раисҷумҳур дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд

Меҳмонхонаи "Парламент" дорои 29 ҳуҷра, аз ҷумла 6 ҳуҷраи дараҷаи олӣ (делюкс), 15 ҳуҷраи олӣ (люкс) ва 8 ҳуҷраи стандартӣ бо 160 ҷой мебошад. Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ бо ҷалби сармояи Тоҷикистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Қирғизистон дар муддати 5 сол бунёд карда шудааст ва дар ҷараёни корҳои сохтмонии он то 250 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин буданд.

Дар ошёнаи якуми меҳмонхона нуқтаи савдо ва хизматрасоӣ, тарабхона ҷойгир буда, дар таҳхонаи он ошхона ва ҳаммом бунёд ёфтааст. Таъкид гардид, ки дар ин иншоот дар марҳалаи аввали кор 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Ифтитоҳи Маҷмааи меҳмонхонаи байналмилалии “Парламент”-ро Пешвои миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” барои тамоми мардуми Тоҷикистон, хосса сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд туҳфаи арзанда арзёбӣ намуда, сохта ба истифода додани ингуна иншоотро барои ҷалби ҳарчи бештари таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистони дорои табиати зебою имконоти зиёди туристӣ муҳим маънидод намуданд.