Даҳ лаҳзаи ҷолиби сафари Раҳмон ба Суғд

Sputnik

Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28 март барои ширкат дар маросими таҷлили Наврӯз дар шаҳри Панҷиканд ва ба истифода додани як қатор иншоотҳои навбунёд ба вилояти Суғд сафар кард.

Эмомалӣ Раҳмонро дар шаҳри Панҷиканд бо суруду тарона пешвоз гирифтанд.

Кишвардор пас аз ширкат дар маросими таҷлили Наврӯз дар шаҳри Панҷиканд, дар шаҳри мазкур хати барқии 220 кВ "Айнӣ-Рӯдакӣ" ва зеристгоҳи "Рӯдаки"-ро ба истифода дод.

Ҳамчунин раисҷумҳур рӯзи 28 март дар шаҳри Панҷиканд Маҷмааи фарҳангию эҷоди, ки дар он пайкараи навсохти Лоиқ Шералӣ қомат афрохтааст, ба истифода дод.

 Эмомалӣ Раҳмон дар рафти сафараш ба шаҳрҳои Истаравшан, Хуҷанд ва Гулистон низ сафар карда, дар чанд маросим иштирок кард ва бо ҳаёти мардум шинос шуд.

1 / 8
Дар Осоишгоҳи "Баҳористон" ногоҳ аз сари роҳи раисҷумҳур шаҳрвандони Қазоқистон баромаданд ва бо кишвардор мулоқот карданд
2 / 8
Президент шахсан 10 ҳазор моҳичаи амури сафедро барои афзоиш ба ҳавзи махсус партофт
3 / 8
Раисҷумҳурро бори аввал занон на танҳо бо шеъру суруд, балки бо дастони ҳинобаста пешвоз гирифтанд
4 / 8
Боздид аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Панҷиканд. Хонаи арӯс дар ин ҷо ба таври рамзӣ, бо риояи унсурҳои миллӣ оро ёфта буд ва духтарон либосҳои арӯсиро ба таври намунавӣ муаррифӣ карданд. Барои дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон изҳори сипос намуданд
5 / 8
Бо омадани раисҷумҳур суманак ҳам омода шуд
6 / 8
Духтаре бо ашки сӯзон ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки донишҷӯи "Донишгоҳи психология" шудан мехоҳад. Кишвардор ӯро ором кард ва каме ислоҳ ҳам карда гуфт, "Шумо аз 1 сентябр донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултаи психология ҳастед"
7 / 8
Дар Истаравшан ба раисҷумҳур ҷома пӯшониданд
8 / 8
Лоиқ Шералӣ пас аз имзои Оштиномаи миллӣ ба гардани раисҷумҳур гулчанбар овехта буд. Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зери пойи тандиси шоири шоири зиндаёд гул монд