Фирдавс Раҷабов мошини ширкати "Рашх-такси"-ро аз ронанда бо таҳдиди корд рабуд

Ҷавони 19-солае ба иттиҳоми дуздии худрав боздошт шуда, мошин ба соҳибаш бар гардонида шудааст. Тафтишот идома дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Ҷавоне дар шаҳри Душанбе мошини ширкати "Рахш-такси"-ро бо таҳдиди корд рабуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе.

Бино бар иттилои манбаъ, чанде пеш марди 41-солаи сокини шаҳри Душанбе Зафар Наҷмиддинов ба шуъбаи милиса шикоят бурдааст, ки 28 март  шахси ношиносе, ҳангоми дар кӯчаи Сино қарор доштанаш бо корд ӯро таҳдид намуда, мошинашро рабудааст.

Тавре манбаъ тавзеҳ медиҳад, Зафар Наҷмиддинов яке аз роннадаҳои ширкати "Рахш-такси" будааст.

"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милиса  Фирдавс Раҷабови 19-сола, сокини шаҳри Душанбе, маҳаллаи Дӯстиро ба иттиҳоми дуздии худрав боздошт карданд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

 Автомашинаи "Тайота —Каролла", рақами қайди давлатияш 4644тт05,ба соҳибаш бар гардонида шуд.

Бино бар иттилои ниҳод, Фирдавс Раҷабов дар  дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбати ӯ мувофиқи  моддаи 249 (Роҳзанӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишиот  идома дорад.