Хоҷаев: сабаби аслии бемории сил дар байни муҳоҷирон ─ хастагӣ аст

Мутахассиси маркази тиббии муҳоҷирон дар бораи бемориҳои хатарноки муҳоҷирон нақл кард
Sputnik

Дар Созмони ҷамъятии "НУР"-и шаҳри Маскав аз 28-ум то 30  март ҳамоиши мубориза бар зидди бемории сил байни муҳоҷирони меҳнатӣ, баргузор мегардад.

Роҷеъ ба сабабҳои паҳншавии ин маризии хатарнок, Sputnik Тоҷикистон бо Абдулло Хоҷаев, мутахассиси маркази тиббии "Маяк", ки мизоҷони асосияш шаҳрвандони хориҷии кишварҳои ИДМ мебошанд, сӯҳбат кард.

Доктор Ходжаев: одна из причин туберкулеза у мигрантов - сильная усталость

"Дар робита ба бемории сил ҳаминро бояд гуфт, ки ин-падидаи иҷтимоист. Байни омилҳои хатарнок — беҳолӣ, хастагӣ, коркунии аз ҳадд зиёди 12-14 соата, аксаран бе рӯзҳои истироҳат ва мурахассӣ, мебошанд. Албатта, ин аз ҳаёти хуб нест. Соддатар карда фаҳмонем, пардохти музди меҳнати муҳоҷирон хеле паст аст. Чунин мавориде ҳам мешавад, ки одамон барои кӯмаки тиббӣ ба ҳеҷ куҷо муроҷиат намекунанд, зеро метарсанд, ки корро аз даст медиҳанд", — шарҳ медиҳад табиб.

Ба андешаи Хоҷаев, яке аз роҳҳои пешгирии хуби маризиҳои хатарнок, ин созмон додани ҳуҷраҳои махсуси тиббии машваратии ройгон ва таъмини воситаҳои одитарини муҳофизат барои  муҳоҷирон аст.

Худи таълим бо дастгирии шӯъбаҳои махсуси тиббии Русия ва Тоҷикистон, Вазорати муҳоҷират, меҳнат ва шуғли аҳолии ҶТ ва Созмони умумиҷаҳонии муҳоҷирон роҳандозӣ мешавад.