"Навои Шарқ": ширкати Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ дар Маскав

Қабули дархостҳо барои иштирок дар озмун то 5 апрели соли 2018 идома меёбад. Дар озмун аз як кишвар се нафар иштирокчии аз 17 то 40-сола ё ин ки се ансамбл иштирок карда метавонанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Дар Маскав севумин озмуни байналхалқии суруди "Навои шарқ" баргузор мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, Думаи давлатии Русия, Россотрудничество, Росмолодеж, Қасрҳои фарҳанги "Гайдаровец" ва "Стимул", радиои Шарқ, марказҳои фарҳангии Доғистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва Озорбойҷон баргузор мегардад.

"Мақсади баргузории озмун рушд ва таҳкими муносибатҳои дӯстона ва фарҳангии Русия ва кишварҳои Шарқ мебошад",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Қабули дархостҳо барои иштирок дар озмун то 5 апрели соли 2018 идома меёбад. Дар озмун аз як кишвар се нафар иштирокчии аз 17 то 40-сола ё ин ки се ансамбл иштирок карда метавонанд.

Озмуни суруд 14 апрели соли 2018 ва озмуни рақс моҳи апрели соли 2019 баргузор мегардад.

Барои гирифтани маълумоти муфассал аз суроғаҳои зерин истифода баред:
Нишонии почтаи электронӣ: vostoklaif@mail.ru
Рақами телефон: +7 (916) 678-3117, +7(903) 532-0954.
Саҳифаи фейсбукӣ: https://www.facebook.com/groups/900373923409781/