Рустам Эмомалӣ барои ҷудо кардани қитъаи замин дар Душанбе комиссия ташкил дод

Қарори шаҳрдори Душанбе бо мақсади таъмини шаффофият зимни додани қитъаҳои замин барои сохтмон, таҷдиду таъмир ва иҷозати сохтмон ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар шаҳри Душанбе ба тавсиб расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik.Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ қарореро ба тавсиб расонидааст, ки мувофиқи он дар шаҳри Душанбе барои додани қитъаи замин ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ комиссия ташкил дода шудааст.

Бино бар иттилои дафтари матбуотии раиси шаҳр, мақсад аз тавсиби қарори мазкур таъмини шаффофият ҳангоми ҷудо кардани қитъаи замин аст.

Заминфурӯше дар ноҳияи Рӯдакӣ боздошт шуд

Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ва Кумитаи идораи замини пойтахт минбаъд лоиҳаи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе оид ба додани қитъаи замин барои сохтмони биною иншоотро танҳо дар асоси протоколи комиссияи мазкур таҳия ва барои мувофиқасозӣ ба сохторҳои дахлдори шаҳрӣ пешниҳод мекунад.

"Муқаррар карда шавад, ки ҷаласа оид ба мувофиқасозии лоиҳаи қарорҳо ва ҳуҷҷатҳои марбута дар назди муовини соҳавии Раиси шаҳр, масъулини  сохтмон, меъморӣ ва замин бо иштироки раисони ноҳияҳо ва роҳбарони мақомоту сохторҳои марбута ҳафтае як маротиба баргузор гардидад",- гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.

 Масъулин ӯҳдадор шудаанд, ки аз натиҷаҳои ҷаласаи мазкур  ба шаҳрдори пойтахт Рустам Эмомалӣ  маълумот пешниҳод кунанд.