Нахустин дар таърих: ҷавони 20-солаи тоҷик дар феҳристи маҷаллаи Forbes

Шаҳрванди Тоҷикистон Азизҷон Азимӣ бунгоҳи Tajrupt - маркази захиравии беруназсинфиеро таъсис додааст, ки дар он иштирокчиён баробарии гендерӣ, ВАО-и озод ва соҳибкориро баррасӣ мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистон Азизҷон Азимӣ ба рӯйхати "30 то 30"-и маҷаллаи Forbes  ворид гардид ва аввалин намояндаи Тоҷикистон дар таърихи ин рӯйхат шуд.

Азизҷон созмони ғайридавлатии тоҷикистонии Tajrupt-ро таъсис дод, ки фаъолияташро ба самти тавсеаи ҳуқуқ ва имконоти ҷавонон дар Тоҷикистон, равона кардааст.

Tajrupt — маркази захиравии беруназсинфиест, ки иштирокчиёни он чунин мавзӯҳое ба монанди баробарии гендерӣ, ВАО-и озод ва соҳибкориро, баррасӣ мекунанд.

Азизҷон Азимӣ — ҷавонтарин хатмкунандаи Донишгоҳи Ню-Йорк дар соли 2016 буда,  номзади MBA / MPP бо дараҷаи дукаратаи Мактаби олии бизнеси Стэнфорд ва Мактаби мудирияти Гарвард ба номи Джон Кеннеди маҳсуб меёбад. 

Ба рӯйхати "30 то 30" соҳибкорони ҷавонтарин шомил мешаванд. Он ба 8 номзадӣ тақсим мешавад, ки дар рӯйхати имсола метавон намояндагони Покистон, Бангладеш ва Непалро дид.