ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба Консулгарии Русия дар шаҳри Хуҷанд рафта, изҳори ҳамдардии худро бо миллати Русия изҳор кард. Дар ин бора дафтари матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд гузориш медиҳад.
Манбаъ меафзояд, раиси шаҳри Хуҷанд ҳамчунин ба лавҳаи ёдбуди назди консулгарӣ гул гузошта, дар дафтари ёдбуд тасаллиёти хешро қайд намуд.
"Маъруф Муҳаммадзода ҳамдардии амиқи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва сокинони шаҳрро ба аҳли оила ва пайвандони фавтидагон расонида, ҳамзамон дақиқаи поси хотир намуд", —гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Бино бар иттилои манбаъ, консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд Валерий Бондаренко изҳори миннатдорӣ баён намудааст.
"Сокинони шахри Хуҷанд аз дақиқаҳои аввали фоҷиа ғамшарик гардида, ғаму андӯҳи худро барои фавтидагон тариқи шабакаҳои иттилоърасон баён карда, аксарияти онҳо саҳафоти манобеии интернетиашонро бо лифофаҳои азодорӣ нишон доданд",- гуфт Валерий Бондаренко.
Дар маросими изҳори ҳамдардӣ ҳамчунин омӯзгорону кормандони соҳоти гуногуни шаҳр, сокинон ва намояндагони Ҳукумати вилояти вилояти Суғд ҳузур доштанд.
Рӯзи якшанбе, 25 март дар маркази савдои "Зимняя вишня" дар Кемерово сӯхтори бузурге рух дод. Аз рӯи далели сӯхтор парвандаи ҷиноӣ аз рӯи чанд моддаи Кодекси ҷиноии Русия боз шудааст.
Аз рӯи шумораи қурбониён сӯхтори Кемерово яке аз бузургтарин дар 100 сол аст. Дар баробари он сӯхтор дар меҳмонхонаи "Русия" дар Маскав (соли 1977, 42 қурбонӣ), дар хобгоҳи РУДН дар Маскав (соли 2003, 44 қурбонӣ), дар хонаи кӯҳансолон дар Краснодар (соли 2007, 63 қурбонӣ), дар клуби "Хромая лошад" дар Перм (соли 2009, 153 қурбонӣ) ва дар хонаи кӯдакони бемор дар вилояти Новгород (соли 2013, 37 қурбонӣ) аз бузургтаринҳо дониста мешаванд.