Пешгирӣ аз задухӯрди ҳашт авбош бо корду табар дар Душанбе

Милисаи шаҳри Душанбе задухурди ду гурӯҳи ҷавонони авбошро дар пойтахт пешгирӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Дафтари матбуотии Раёсати Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе менависад, дар пойтахт ҳодисаи задухӯрди ду гурӯҳ ҷавонони мусаллаҳро пешгирӣ кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, кормандони раёсат пешакӣ иттилоъ ёфтанд, ки ду гурӯҳи ҷавонон нақша доранд, ки  бегоҳии  26 марти соли равон дар қафои Маҷмааи тиҷорат ва савдои "Саодат", воқеъ дар кӯчаи Шамсӣ  бо истифода аз силоҳҳои сард пешбинӣ задухӯрд кунанд.

Гуфта мешавад, кормандони милиса тахминан соатҳои 18.00 дақиқаи ҳамон рӯз дар мавзеъи муайяншуда, аз таваққуфгоҳи автомашинаҳо 4 нафар ҷавонони бо корд мусаллаҳ, ки бо автомашинаи тамғаи Ниссан-Максима аломати қайди давлатиаш 2441ЕЕ01 омада буданд, дастгир карданд.

Ниҳод дар вебгоҳаш ному насаб ва аксҳои муттаҳамонро мунташир кардааст.

Худи ҳамон рӯз, тахминан соатҳои 22.30 дар кӯчаи Шамсӣ (маконе, ки тибқи маълумоти оперативӣ бояд 2 гурӯҳ ҷавонони мусаллаҳ ҷамъ шуда, муноқиша менамуданд) гурӯҳи дигари ҷавонон иборат аз 4 нафар бо силоҳҳои сард мусаллаҳ, ки бо автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс" рақами давлатиаш 6767AD01 омада буданд, дастгир гардидиданд.

Аз ин гурӯҳ низ 2 адад табар, 1 мехкашак, 2 корд, 1 болға ва 1 адад чубдасти оҳанин, ки ба сифати олоти содирнамоии ҷиноят пешниҳодшуда дарёфт ва мусодира карда шуд.

Задержанные молодые люди за крупное хулиганство


"Айни замон нисбати 8 нафар ҷавонони дастрасшуда бо Қарори додгоҳ ҳабси маъмурӣ татбиқ гардида, барои ошкор намудани дигар кирдорҳои ҷиноятии ин гурӯҳҳои ҷавонони гумроҳ гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад",- афзудааст манбаъ.