Раиси шаҳр ба ҷустуҷӯи мактабхони ободкор афтод

Сиҷоуддин Саломзода ба назди наврас рафта, пурсон шуд, ки дар назди партовгоҳ ба чӣ кор машғул аст. Посухи кӯдак водор кард, ки раис ба сипосгузориаш шитобад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Шаҳрдори Исфара Сиҷоуддин Саломзода ба толибилми ниҳолпарвар расман арзи сипос намуд, хабар медиҳад дафтари мутбуотии раиси шаҳри Исфара.

Бино бар иттилои манбаъ, ободкории як сокини ҷавони Исфара раиси шаҳрро водор кард, ки ӯро пайдо кунаду арзи сипос намоянд.

Тавре манбаъ менависад, Саломзода Сиҷоуддин бегоҳирӯзии 25 марти соли равон ҳангоми гардиш ва боздиди хеш аз кӯчаи Колхозчии маркази шаҳр, ки яке аз кӯчаҳои аз ҷиҳати санитарию эпилемиологӣ нигаронкунанда маҳсуб меёбад, писарбачаеро дид, ки ба бехи ниҳолакони навшинонидашуда об мерезад.

"Шаҳрдор назди ҷавон рафта ҳолпурсӣ кард. Чун донист, ки оилаи ӯ аслан дар маҳаллаи ҳамсоя ҳастанду 20 рӯз қабл якҷоя бо падараш барои савоб қитъаи заминро аз партовҳо тоза кардаю 30 бех ниҳоли дарахтони мевадеҳ шинониданд, сидқан аҳсанаш хонд", меафзояд дафтари матбуотӣ.

Школьники в городе Исфаре, архивное фото

Бегоҳирӯзии 26 март низ он ҷавонро дар он қитъаи замин машғули кор дид ва ба ронанда супориш дод, ки шахсияти ӯро муайян намояд.

Субҳи 27 марти соли 2018 ба ҷамъомади пагоҳирӯзии умумимактабии хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и шаҳр муовини аввали раиси шаҳри Исфара Содирхон Қосимӣ ҳозир шудаву толибилми синфи 9-и мактаб Одилов Ҳайдархӯҷаро ғайричашмдошташ ба минбар даъват намуд.

Бо зикри амалҳои неки ободкорона, саҳми назаррасаш дар маъракаи тозагию кабудизоркунй ва ниҳолшинонӣ Сипосномаи Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддинро ба Одилов Ҳайдархӯҷа тақдим кард. Амали ӯро барои ҳамсолонаш шоистаи таҳсин ва ибрату пайравӣ арзёбӣ намуд.