Тоҷикистониён ба ҳодисаи Кемерово ҳамдарданд (АКС)

Sputnik

Сокинони Душанбе ба Сафорати Русия гул ва бозича оварданд. Ба он нигоҳ накарда, ки ҳоло роҳ маҳкам аст ва ба Сафорат ворид шудан мушкил аст, мардум барои гиромидошти қурбониёни сӯхтори мудҳиш дар Кемерово ба назди Сафорати Русия дар Душанбе меоянд.

Сокинони Душанбе чун нишонаи таслият ба сафорат гул, бозича ва ёддоштҳои хурдакак меоранд.

"Кемерово, "Зимняя вишня" 25.03.2018 Тоҷикистон  ҳамдард аст", —навишта шудааст дар яке аз ёддоштҳое, ки бо хирсаки хурдакак якҷо гузошта шудааст.

Рӯзи якшанбе, 25 март дар маркази савдои "Зимняя вишня" дар Кемерово сӯхтори бузурге рух дод.

Аз рӯи далели сӯхтор парвандаи ҷиноӣ аз рӯи чанд моддаи Кодекси ҷиноии Русия боз шудааст.

Коршиносон мегӯянд, ки сабаби сӯхтор сифати пасти маводҳои сохтмонӣ шудааст.

Аз рӯи шумораи қурбониён сӯхтори Кемерово яке аз бузургтарин дар 100 сол аст. Дар баробари он сӯхтор дар меҳмонхонаи "Русия" дар Маскав (соли 1977, 42 қурбонӣ), дар хобгоҳи РУДН дар Маскав (соли 2003, 44 қурбонӣ), дар хонаи кӯҳансолон дар Краснодар (соли 2007, 63 қурбонӣ), дар клуби "Хромая лошад" дар Перм (соли 2009, 153 қурбонӣ) ва дар хонаи кӯдакони бемор дар вилояти Новгород (соли 2013, 37 қурбонӣ) аз бузургтаринҳо дониста мешаванд.

1 / 8
Сокинони Душанбе пас аз ҳодисаи сӯхтори мудҳиш дар Кемерово ба Сафорати Русия дар Тоҷикистон гул меоваранд
2 / 8
Бо далели он, ки роҳи назди сафорат таъмир мешавад, сокинон барои роҳ ёфтан ба бино мушкилӣ мекашанд
3 / 8
Аммо мардум ин монеаҳоро гузашта, ёди кӯдакону калонсолони қурбоншударо гиромӣ медоранд
4 / 8
Гули мехак дар назди бинои Сафорати Русия дар Душанбе
5 / 8
Дили бештари тоҷикон ба кӯдаконе месӯхт, ки қурбони ин ҳодисаи нохуш шуданд
6 / 8
Барои нафароне, ки мехоҳанд изҳори ҳамдардии худро хаттӣ баён кунанд, дафтаре гузошта шудааст, ки дар он метавон навишт
7 / 8
"Кемерово, "Зимняя вишня" 25.03.2018 Тоҷикистон ҳамдардаст",- навишта шудааст дар яке аз ёддоштҳое, ки бо хирсаки сафед якҷоя гузошта шудааст
8 / 8
Ба он нигоҳ накарда, ки имрӯз рӯзи корӣ аст, сокинон вақт пайдо карда ба сафорат меоянд