Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрноки боронӣ дар назар аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, боридани борон дар назар аст.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Имрӯз, 27 март дар вилояти Суғд ҳаво абрноки боронӣ шуда, шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 10-14 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, боридани борон дар назар дошта шудааст. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 4-1 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 10-15 дараҷа сард ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда буда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона 13-22 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда ва боридани борон дар назар дошта шуда, ҳарорат шабона 7-9 ва рӯзона 14-20 дараҷа гарм мешавад.