Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи сокинони пойтахт Наврӯзро таҷлил кард

Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ дар тантанаҳои наврӯзӣ, ки дар “Наврӯзгоҳ” пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Cокинони шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯзро ҳамроҳи раисҷумҳур таҷлил карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ба гузориши манбаъ, давоми як соли охир пойтахти кишвар бо бунёди иншооти гуногуни маишӣ, маъмурӣ, истиқоматӣ, гулгашту хиёбонҳо, майдончаҳои варзишӣ, азнавсозии боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва ғайра симои тоза ба бар кардааст.

Мақолаи Эмомалӣ Раҳмонро дар Амрико мунташир карданд

Дар маҳалли баргузории чорабинии идона — Наврӯзгоҳи пойтахт шумораи зиёди мардум ва меҳмонони хориҷӣ иштирок кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ кулли шаҳрвандон, ҳамватанони бурунмарзӣ, сокинони пойтахти кишвари соҳибистиқлоламон ва меҳмононро ба муносибати иди Наврӯзи ҷаҳонӣ, ҷашни эҳёи табиат, табрик гуфтааст.

Раисҷумҳур бо итминон гуфтааст, ки "мардум бо шукронаи соҳибихтиёриву соҳибватанӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар оянда низ ба хотири таҳкими иқтидори иқтисодии давлатамон, ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон, рӯзгори боз ҳам осудаи ҳар як оилаи Тоҷикистони азизамон бо ҳисси баланди милливу ватандорӣ саъю талош хоҳанд кард".

Бо ҳамин орзуҳо Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мардуми Тоҷикистон ва ҳамаи сокинони пойтахтро ба ифтихори Наврӯз — ҷашни бузурги миллӣ ва Соли нави аҷдодӣ табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо тандурустиву сарбаландӣ, иқболи нек ва рӯзгори пурфайз орзу кардааст.

Тантанаҳои наврӯзи байналмилалӣ бо барномаи консертии устодони санъат ва ҳунармандон, идома ёфтааст.