ВАО: Туркия нахустин мушакҳои баллистикиашро озмоиш кард

Мушакҳои радиуси миёнаи Gökdoğan ва дури Bozdoğan озмоиш шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Туркия аввалин озмоишоти мушакҳои баллистикии тавлиди худро дар шаҳри шимолии кишвар Синоп, роҳандозӣ намуд, гузориш медиҳад оҷонсии Anadolu.

Тибқи гузориши оҷонсӣ, дар рафти озмоишот мушакҳои радиуси миёнаи Gökdoğan ва дури Bozdoğan аз назар гузаронида шудааст.

Чӣ тавре ки оҷонсии Anadolu қайд мекунад, роҳандозии мушакҳо аз дастгоҳи заминӣ барои нобуд сохтани ҳадафҳои муҳаррик дар семоҳаи охири соли 2018 ба анҷом мерасад.

Ҳамчунин, дар охири соли ҷорӣ роҳандозии мушакҳо аз ҳавопаймо оғоз мегардад.

Мушакҳо аз ҷониби мутахассисони Шӯрои таҳқиқоти илмию техникии Туркия ва Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии саноати мудофиа омода шудаанд.

Барои бори аввал аст, ки мушакҳои баллистикӣ дар Намоишгоҳи XIII байналмилалии саноати мудофиа дар Истанбул, пешниҳод шудаанд.