Ҳамдардии ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ дар робита ба фоҷиаи Кемерово

Роҳбарони давлатҳои пасошӯравӣ ба хонавода ва хешовандони онҳое, ки дар сӯхтор дар шаҳри Кемерово ба ҳалокат расидаанд, изҳори ҳамдардӣ баён мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Дар Арманистон, Қирғизистон, Молдова, Узбакистон ва Эстония ба мақомоти ҳукумати Русия дар робита ба сӯхтори маркази савдои "Зимняя вишня"-и шаҳри Кемерово, ки дар натиҷаи он беш аз 50 нафар ба ҳалокат расидаанд, ҳамдардӣ баён кардаанд.

Сӯхтор дар бинои чорошёнаи маркази савдои "Зимняя вишня"-и шаҳри Кемерово рӯзи якшанбе рух додааст. Тибқи иттилоъи охирин, 56 нафар ба ҳалокат расиданд. Аз рӯи теъдоди ҳалокатгаштагон, сӯхтори Кемерево яке аз чаҳор калонтарин таи 100 соли охир аст, дар баробари сӯхторҳои ИКД-и шаҳри Самара (1999, 57 ҳалокатшуда), дар хонаи истиқоматии пиронсолон дар деҳаи Камишеватская-и минтақаи Краснодар (2007, 63) ва дар клуби шаҳри Перм "Хромая лошад" (2009, 153).

Сахт андӯҳгин шудем: номаи таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин

Дар расонаи раисиҷумҳури Арманистон омадааст, ки Серж Саргсян "ба раисиҷумҳури ФР Владимир Путин ҳамдардии амиқи самимона баён намуда, хоҳиш кардааст, ки суханони ҳамдардӣ ва ҳамдилии ӯро ба тамоми хешу ақрабо ва наздикони ҳалокатгардидагон расонида, орзуи ҳарчӣ зудтар шифо ёфтани ҷабрдидагонро дорад.

Роҳбари Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков иттилоъ додааст, ки "бо ҳисси ниҳоят ғамангез хабари ба ҳалокат расидани нафарони зиёдро дар натиҷаи сӯхтори бинои маркази тиҷоратии шаҳри Кемерово шунидааст". "Аз номи мардуми Қирғизистон ва шахсан аз номи худам Шуморо хоҳиш мекунам, ки ҳамдардии самимонаи моро ба аҳли оила ва наздикони қурбониён расонида, ба онҳо гӯед, ки дар ғами ҳарчӣ зудтар шифо ёфтани ҳамаи ҷабрдидагонем", — гуфта мешавад дар телеграммаи раисиҷумҳур, ки матни онро хадамоти матбуоти раисиҷумҳур ба чоп расонидааст.

"Раисиҷумҳури Молдова Игор Додон ҳамчунин иттилоъ додааст, ки ӯ низ ба Путин телеграммаи ҳамдардӣ фиристодааст. "Бо ғаму ғуссаи гарон дар бораи сӯхторе, ки дар бинои маркази тиҷорати шаҳри Кемерово рух додаасту, ҳаёти нафарони зиёдеро рабудааст, шунидем", — навиштаст Додон дар саҳифаи худ дар Facebook.

1 / 5
Сотрудники пожарной охраны МЧС борются с пожаром в торговом центре «Зимняя вишня» в Кемерово.
2 / 5
Сотрудник пожарной охраны МЧС во время тушения пожара в торговом центре «Зимняя вишня» в Кемерово.
3 / 5
Родственница одного из пропавших без вести при пожаре в торговом центре «Зимняя вишня» в Кемерово.
4 / 5
Женщина зажигает свечу возле здания торгового центра «Зимняя вишня» в Кемерово, где произошел пожар.
5 / 5
Сотрудники пожарной охраны МЧС борются с пожаром в торговом центре «Зимняя вишня» в Кемерово.

Ба Путин ҳамчунин раисиҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев телеграмма фиристодааст. "Шавкат Мирзиёев дар телеграммаи худ суханони ҳамдардӣ ва дилсӯзии худро нисбат ба аҳли оила ва наздикони фавтидагон, ва нисбат ба халқи Русия дар кулл, иброз доштааст", — зикр гардидааст дар иттилоъи хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Вазири корҳои хориҷии Эстония Свен Миксер ба ҳамкасби русиягии худ Сергей Лавров  дар робита ба сӯхтори шаҳри Кемерово ва ба ҳалокат расидани одамон, ибрози ҳамдардӣ баён кардааст. "Ба наздикон ва хешони ҳалокгардидагон таъзияи амиқ баён карда, ба ҷабрдидагон шифои зуду комил орзу дорам. Дар ин лаҳзаҳои фоҷеавӣ, ки ҳамчунин тифлон ҳалок ва маҷрӯҳ шудаанд, мо бо наздикони ҳалокшудагон ва ҷабрдидагон ҳамдилем", — гуфта мешавад дар рисолати Миксер, ки матни онро хадамоти матбуоти ВКХ Эстония нашр кардааст.