Шаш соли зиндон барои пайвастани як шаҳрванди Тоҷикистон ба ДОИШ

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми талош барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДОИШ ба шаш соли зиндон маҳкум кард.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik.Ба гузориши дафтари матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон, Нурхон Ҷоматов дар замони ҳузур дар Русия ба унвони коргари муҳоҷир, ба василаи интернет бо Абдураҳмон Гадоев ошно шуда ва таҳти таъсири таблиғоти вай барои пайвастан ба ДОИШ (мамнуъ дар Тоҷикистон) ибрози омодагӣ кардааст.

Вай дар моҳи августи соли 2016 ба қасди рафтан ба Сурия ва пайвастан ба гурӯҳи террористии ДОИШ бо парвози Маскав — Истанбул роҳии Туркия шуд.

Аммо ҳангоми убур аз марзи ин кишвар ба Сурия, дар минтақаи Ғозиёнтеппа, аз сӯйи кормандони Хадамоти амнияти Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Ба гуфтаи мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон, ҳазору 100 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар дар таркиби гурӯҳи террористии ДОИШ дар Сурия ва Ироқ ҳузур доранд, ки беш аз 250 тан аз онон дар даргириҳои ин ду кишвари арабӣ кушта шудаанд.