Гузориши аксӣ аз таҷлили Наврӯз дар шаҳри Хоруғ

Sputnik

Дар маркази ВМКБ барои таҷлили ин ҷашн барномаи бузурги фарҳангӣ, намоиши маҳсулоти дастии ҳунармандон баргузор шуд.

Дар чорабиниҳои вилоятӣ раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ва намояндагони воломақоми ҳукумат ширкат карданд.

Ҳунармандони театри шаҳри Хоруғ саҳнаҳои ҷолибро пешкаши тамошобинон карданд.

Ҳамчунин бархе аз фаъолони шаҳри Хоруғ  бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Наврӯз — ҷашни баробар шудани рӯзу шаб ва оғози соли нав дар миёни мардумони эронитабор аст ки онро бархе аз турктаборон, аз онҷумла дар Русия, Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Осиёи Хурд низ ҷашн мегиранд.

Моҳи сентябри соли 2009 ЮНЕСКО Наврӯзро дар феҳрасти осори фарҳангии башар шомил карда ва дар поёни моҳи феврали соли 2010 Маҷмаъи умумии СММ 21 мартро "Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз" эълом кард.

1 / 10
Таҷлили ҷашни Наврӯз дар шаҳри Хоруғ.
2 / 10
Дар чорабиниҳои наврӯзӣ раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ва намояндагони баландпояи ҳукумати тоҷикистон ширкат карданд.
3 / 10
Ба муносибаби ҷашни Наврӯз намоиши маҳсулоти дастӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд.
4 / 10
Духтарон дар рӯи курпа ба духтан машғуланд.
5 / 10
Дар ин рӯз дастархони наврӯзии иборат аз ғизоҳои ҳафтсину ҳафтшин пешкаши меҳмонон шуд.
6 / 10
Таҷлили ҷашни Наврӯз дар шаҳри Хоруғ.
7 / 10
Ба муносибати ҷашни Наврӯз кормандони театри шаҳри Хоруғ барномаи наврӯзӣ омода карда буданд.
8 / 10
Гулдухтарон бо пӯшокҳои арӯсӣ ба ҷашни Наврӯз таровати тозе мебахшиданд.
9 / 10
Таҷлили ҷашни Наврӯз дар шаҳри Хоруғ.
10 / 10
Мардум барои таҷлиил Наврӯз ҷамъ омадаанд.