Ифтитоҳи се иншооти варзишӣ дар шаҳри Исфара

Дар шаҳри Исфара дар остонаи ҷашни Наврӯз се иншооти варзишӣ ба баҳрабардорӣ расид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Шаҳрдори Исфара Саломзода Сиҷоуддин варзишгоҳи хурди замонавии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи "Корхонаи кимиёвӣ" барои кормандони корхона ва ҷавонони шаҳраки коргарнишини кимиёгарон – Навобод бунёдгардидаро ифтитоҳ кард, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.

Ба гузориши манбаъ, дар ин рӯз маҷмааи варзишии тозабунёди Литсейи №1-и шаҳр, ки аз толори тамрин ва солимгардонӣ (фитнес) бо майдончаи бокс, толори варзишӣ бо 350 ҷойи нишаст бо инфрасохтори ёрирасон, майдони хурди футболбозӣ, майдончаи машғулиятҳои ҳарбӣ–варзишӣ ва синфхонаи тобистона барои гузаронидани машғулиятҳои ҳарбӣ–варзишӣ иборат аст, ба истифода дода шуд.ааст.

Саломзода Сиҷоуддин варзишро гарави саломатӣ арзёбӣ намуда, изҳори умедворӣ кардааст, ки ин варзишгоҳҳои тозабунёд ҳамчун макони парвариши насли солиму нерўманд барои беҳдошти саломатии аҳли ҷомеа нек хизмат хоҳанд кард.

Ҳамчунон боз як варзишгоҳи хурди замонавӣ дар деҳаи Яккачинори ҷамоати деҳоти Хонобод, ки бо ташаббуси соҳибкор Раҳимов Шоҳҷаҳон ва дӯстони саховатпешаи ӯ сохта шудааст, низ кушода шудааст.