Милисаи Душанбе қазияи шикастани дандонҳои динозаври "Дунёи афсона"-ро бозҷӯӣ мекунад

"Гунаҳкорон" ҷустуҷӯ намешаванд, танҳо омилҳои тахриб шудани бархе аз қаҳрамонҳои афсонавии боғ тафтиш мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 мар- Sputnik. Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе қазияи тахриб шудани бархе аз бозичаҳои боғи "Дунёи афсона"-ро бозҷӯӣ мекунад. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон масъули Раёсати ВУД дар Душанбе Мӯҳсин Юсупов хабар дод.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки дар шаҳри Душанбе бо далели тахриб шудани бархе аз каруселҳои боғи нав ва чанде аз қаҳрамонҳои афсонавии он дар рӯзи таҷлили Наврӯз  "Дунёи афсона"-ро муваққатан бастанд.

Гуфта мешуд, дар рӯзи ҷашн баъди як соати кори боғ, қисме аз атраксионҳои он аз кор монданд.

Тавре намояндаи раёсати ВУД афзуд,  раёсат "гунаҳкоронро ҷустуҷӯ надорад, аммо ҳодисаро тафтиш дорад, ки бо кадом далел дандонҳои динозавр афтидааст".
Ба гуфтаи вай, ҳоло каруселҳои боғ коршоям ҳастанд ва танҳо дандонҳои як динозавр афтидаасту халос.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ низ мегӯяд, ВУД мақсад надорад, ки касеро барои ин қазия ҷазо диҳад.

"Рӯзи 21-уми март дар боғ дар ҳақиқат мардум зиёд буданд.  Мо дар бозҷӯии ин қазия парвандае боз накардаем, танҳо мехоҳем  муайян кунем, ки чарову чигуна ин ҳодиса сар задааст",- мегӯяд вай.

Дунёи афсона" дар ҳудуди Муассисаи давлатии "Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ" сохта шудааст ва он дорои 11 намуд майдончаву таҷҳизоти дилхушӣ мебошад. Дастгоҳҳо асосан барои кӯдакони синни то 12 сола пешбинӣ шудааст.

Дар як тарафи маҷмааи зикршуда пайкараҳои азимҷуссаи динозаврҳо гузошта шудааст, ки онҳо бо қувваи барқ ҳаракат карда, садо мебароранд. Сохтани ҳайкалҳои қаҳрамонҳои афсонавӣ дар ҳудуди маҷмаа олами афсонаи кӯдаконро боз ҳам рангин мекунад.

Дар як гӯшаи иншооти фароғатии кӯдаконаи "Дунёи афсона" барои ҷавонону наврасон ду майдончаи варзишии намудҳои волейбол, баскетбол, футболи хурд, теннис ва таҷҳизоти алоҳида барои тамрини бадан бунёд карда шудааст.