Тоҷикистону Эрон ҳамкориҳо дар бахши нерӯ ва обро баррасӣ карданд

Ризо Ардакониён, вазири нерӯи Эрон дар ин дидор бар ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи ҳамкориҳои байналмилалии об ва тавсеаи пойдор (2018-2028) таъкид кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 мар- Sputnik. Бино бар иттилои хабаргузории "Парс тудэй" вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дар ҳошияи ҳаштумин Иҷлоси ҷаҳонии об дар Бразилия бар таҳкими равобити дӯстона байни ду кишвар таъкид карданд.

Бино бар иттилои манбаъ, вазири нерӯи Эрон Ризо Ардакониён ва вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода дар нишасти муштараке аз тавсеаи фаъолиятҳои дуҷониба дар қолаби комиссияи муштараки ҳамкориҳо дар заминаҳои мухталиф истиқбол карданд.

Коршинос: норасоии об дар Осиёи Марказӣ ба рушди минтақа таҳдид мекунад

Гуфта мешавад, ин ду вазир ҳамчунин дар бораи баргузории иҷлоси комиссияи муштараки ҳамкориҳои ду кишвар дар ноябри соли 2018 дар Теҳрон тавофуқ карданд.

Вазири нерӯи Эрон дар ин дидор бар ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи ҳамкориҳои байналмилалии об ва тавсеаи пойдор (2018-2028) таъкид кард.

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон низ дар ин нишаст зимни даъвати расмӣ аз раиси ҷумҳур ва вазири нерӯи Эрон барои ширкат дар иҷлоси сарони об дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, аз тавсеаи беш аз пеши ҳамкориҳо дар заминаи манобеи об, ба вижа мушорикати ширкатҳо ва мутахассисони эронӣ дар тарҳҳои муртабит дар Тоҷикистон истиқбол кард.

Ҳаштумин иҷлоси Шӯрои ҷаҳонии об бо шиори "Об барои ҳама" 18 то 23-юми март дар шаҳри Бразилиа, пойтахти кишвари Бразилия баргузор мешавад.

Ёдрас мешавем, имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ню-Йорк дар ҳошияи кушодашавии чорабинӣ бахшида ба Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот кард.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар масъалаи истифодаи самараноки обу энергетика ба манфиати мардуми Тоҷикистон ва минтақа, инчунин "Энергияи устувор барои ҳама" муҳокима карда шуд.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш нақши Эмомалӣ Раҳмонро дар масоили обӣ, пешбурди муваффақомези рӯзномаи ҷаҳонии об, мубориза алайҳи терроризм ва пешгирии ангезиши падидаҳои он дар минтақа ва фаротар аз он қайд намуд.