Таҷлили Наврӯз дар Миср-дар соҳили рӯди Нил

Дар тӯли баргузории маҳфил барои меҳмонон аз тариқи видео барномаи ҳунарии тоҷикӣ ба намоиш гузошта шуда, бисоти сабзаву суфраи «Ҳафт син», ки толори зиёфатро оро медод, дар маркази таваҷҷуҳи ҳамагон қарор гирифт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Дар яке аз меҳмонхонаҳои пойтахти Миср, ки дар соҳили рӯди Нил ҷойгир аст, ба муносибати ҷашни Наврӯзи хуҷастапай базми идона барпо гардид,хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, барномаи наврӯзӣ бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Миср баргузор шуд, ки дар он  аъзои парламент, намояндагони вазорату идораҳои гуногун, аҳли адаб ва фарҳангу ҳунар, рӯзноманигорону соҳибкорони кишвари маҳалли иқомат, инчунин сафирони кишварҳои хориҷӣ ва шаҳрвандони тоҷики муқими Миср ҳузур доштанд.

Дар сухани шодбошӣ сафири Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозирӣ аҳли толорро ба муносибати фаро расидани Наврӯзи оламафрӯз табрик намуда, аз таърихи пайдоиш, моҳият ва арзишҳои волои ҷашни мазкур ёд кард.

Таҷлили ҷашни Наврӯз дар шаҳри Истамбул

"Дар тӯли баргузории маҳфил барои меҳмонон аз тариқи видео барномаи ҳунарии тоҷикӣ ба намоиш гузошта шуда, бисоти сабзаву суфраи "Ҳафт син", ки толори зиёфатро оро медод, дар маркази таваҷҷуҳи ҳамагон қарор гирифт",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Гузашта аз ин расмҳои рассомони тоҷик Фаридун ва Фаррух Неъматзода ба намоиш гузошта шуданд. Ба меҳмонони ҷашн китобчаи наврӯзӣ, ки аз аксҳову шарҳи рамзҳои наврӯзӣ ва фишурдаи мақолаи донишманди тоҷик Акбар Турсон "Фарҳанги Наврӯз ва идеалҳои СММ" ба забони англисӣ иборат буд, тақдим гардид.

Расонаҳои мисрӣ, аз ҷумла канали моҳворавии Найл ТВ роҷеъ ба ҷашни Наврӯз дар Қоҳира, ки мизбони он Сафорати Тоҷикистон буд, мақолаву барномаҳои телевизионӣ таҳия ва мунташир намуданд.

Бузургдошти Наврӯз дар Қоҳира бори дигар пайванди ҳамешагӣ ва ногусастании фарҳанги тоҷикон бо Наврӯзро ба ҷомеаи мисрӣ ва меҳмонони базм таъкид намуд.