Нафси бад, бадном кунад инсонро: Ганҷина Тағоева ба иттиҳоми дуздӣ дастгир шуд

Милисаҳои шаҳри Душанбе як зани ҷавони сокини пойтахтро ба иттиҳоми дуздии ҷавоҳирот дастгир кардаанд. Дафтари матбуотии ВУД менависад, "нафси бад, бадном кунад инсонро"
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон,  19-уми марти соли равон истиқоматкунандаи кучаи Гипрозем, шаҳрванд Адолат Усмонова ба шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии №1-и ноҳияи Сино муроҷиат карда, шикоят кардааст, ки шахси номаълуме ҷавоҳиротҳои тиллоияшро дуздидааст.

Ҷабрдида гуфтааст, қимати ҷавоҳиротҳои тиллоӣ наздики 4 ҳазору 500 сомониро ташкил медод, ки аз  манзили истиқоматиаш рабуданд.

"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД №1-и ноҳияи Сино, шаҳрванди 20 солаи истиқоматкунандаи кучаи Гипрозем Ганҷина Тағоева ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир карда шуд", — меаязояд манбаъ.

Оид ба ҷинояти мазкур парванда оғоз карда шуда тафтишот идома дорад.