Бо шиору суруд: хуҷандиён Наврӯзро бо тантана таҷлил карданд

Нахуст муовини сарвазири Тоҷикистон ва раиси вилояти Суғд ҳозиронро ба муносибати Наврӯзи оламафрӯзро муборакбод гуфтанд. Пас аз қисми расмии ҷашн, фарҳангиёну ҳунармандони шаҳр мардуми Хуҷандро бо Соли нави аҷдодӣ муборакбод гуфтанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Сокинони шаҳри Хуҷанд ҷашни Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии шаҳрдори Хуҷанд.

Бино бар иттилои манбаъ, имрӯз субҳи Хуҷанд бо садои карнаю сурнай ва суруду таронаҳои баҳорӣ оғоз гардид. Кӯчаву хиёбонҳои шаҳр бо лолаҳои наврустаю гулҳои баҳорӣ ва шиору овезаҳои наврӯзӣ фазои идонаро пурнуртар менамуд. Ҳамагон ба сӯйи идгоҳ-Маҷмааи таърихию фарҳангии Боғи Камоли Хуҷандӣ шитофтанд. Дар паҳнои боғ зиёда аз 90 хаймаҳои мазмуни наврӯзидоштаи намояндагони касбу кори гуногуни ин шаҳри бостонӣ бори дигар аз бузургию шаҳомати Наврӯзи Аҷам шаҳодат медод.

"Муовини Сарвазири мамлакат Маҳмадтоҳир Зокирзода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, меҳмонони хориҷӣ ва дохилӣ нахуст аз растаи хаймаҳо дидан намуданд. Ҳар як хайма мазмуну маънои хешро дошт. Агар яке анвори ҳунарҳои мардумиро муаррифӣ менамуд, дигар дастархони пурнози наврӯзиро таҷассум мекард",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Таҷлили ҷашни Наврӯз дар шаҳри Истамбул

Намунаи маросиму анъанаҳои мардумӣ ва суннатҳои аҷдодон бо маҳорати баланд муаррифӣ карда шуд. Кӯдакону наврасон аз пайки наврӯзӣ табли шодӣ мезаданд.
Меҳмонон ба санъату маҳорати ҳар як намоиш баҳои баланд дода, тарғиби минбаъдаи онро муҳим арзёбӣ намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба мардуми шаҳри Хуҷанд паёми табрикотии хешро расонид.

"Сокинони вилояти Суғд шукргузорӣ аз он менамоянд, ки иди миллӣ ва аҷдодии мо — Наврӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои соҳибфарҳанг ва тамаддунпеша бо шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Имрӯз ин ҷашни бостониву фархундаро аҳли сайёра ҳамчун нишонаи эҳёи табиат, рамзи сулҳу дӯстӣ, вусъати ободкориву созандагӣ ва робитаҳои неки байни халқу миллатҳои гуногуни дунё истиқбол мегиранд",- изҳор дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода насими ҷонбахши Наврӯзи байналмилал ба кулли сокинон таҳният гуфта, аз ҷумла таъкид сохт, ки Наврӯз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигоҳдорандаи мардум, забон, расму ойин, фарҳангу таърих ва ниҳоят Ватан будааст. Аз ин рӯ, Наврӯз барои мардуми мо ҷашни ниҳоят муборак буда, дар моҳи Фарвардин, ки маънои пок, озода, қудсӣ ва муқаддасро дорад, таҷлил мегардад.

Сипас, аҳли фарҳанги шаҳр барномаи рангини консертиро бо фарогирии тамоми анъанаҳои миллии наврӯзӣ ба маърази тамошо гузоштанд.