ДУШАНБЕ, 21 мар— Sputnik. Дар толори РВКД дар ВМКБ бо ширкати сардори ин ниҳод Ғоиб Бухоризода ба муносибати ҷашни Наврӯз бо собиқадорони ВМКБ дидор кардааст, хабар медиҳад равобити умумии ВКД.
Сардори РВКД Ғоиб Бухоризода собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ, тамоми кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва мардуми кишварро ба муносибати ҷашни Наврӯз табрик гуфтааст.
"Чанд даҳсола пеш Наврӯз қариб ба гӯшаи фаромӯшӣ гузошта шуд, одамон пинҳонӣ онро дар хонаҳои худ таҷлил мекарданду маҳз дар замони истиқлолият ба Наврӯз умри дубора бахшида шуд", — гуфтааст Бухоризода.
Ғоиб Бухоризода аз номи вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба муносибати Наврӯз ҳайати шахсии Раёсат, ШВКД-ҳои шаҳру ноҳияҳо ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилии вилоятро табрик гуфтааст.
Дар ин иддор собиқадорони мақомоти корҳои дохилии вилоят ҳам суханронӣ кардаанд.
Шукрулло Амадбеков яке аз собиқадорони ВКД, гуфтааст, ки "иди Наврӯз ҳамчун ҷашни суннатию бостонӣ ва миллии мардуми тоҷикон буда, аз замонҳои хеле қадим доман паҳн намуда, озодандешию созандагӣ, дӯстию меҳрубонӣ ва таҳаммулпазириро бо ҳам овардааст".
Собиқадори дигар Фаромуз Фаромузов барои ҳамкории ҳамешагӣ бо РВКД дар ВМКБ, минбаъд ҳам барои расонидани ёрии амалии худ ба кормандони ҷавони милитсия, ҳамзамон барои пешгирӣ ва муборизаи беамон бо ҷинояткорӣ, баҳри ҳифзи сулҳу суботи кишвар изҳори омодагӣ кардааст.
манбаъ афзуда, ки ба собиқадорони мақомоти корҳои дохилии вилоят дар рӯзи Наврӯз дар РВКД ВМКБ дастархони идона ороста шуда буд.