Гашту гузор, рақсу суруд ва аспдавонӣ: оғози таҷлили Наврӯз дар Тоҷикистон

Ба муносибати ҷашни Наврӯз дар гӯшаю канори Тоҷикистон барномаҳои гуногун баргузор мешаванд. Дар боғҳои пойтахт сайру гашти оммавӣ ва барномаҳои консертӣ гузаронида мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Имрӯз дар Тоҷикистон яке аз қадимитарин ҷашни дунё-Наврӯз таҷлил мешавад.

Ба муносибати ин ҷашни бузург, дар гӯшаю канори Тоҷикистон барномаи гуногун баргузор мешаванд. Дар боғҳои пойтахт сайру гашти оммавӣ ва барномаҳои консертӣ гузаронида мешавад.

Таҷлили Наврӯз дар вилояти Суғд

Дар Тоҷикистон ҳамасола ин ҷашн бо таври хосса бо барномаи фарҳангию намоишгоҳҳои бузурги ғизоӣ, бозиҳои қадимаи миллӣ ва сабқатҳои варзишӣ баргузор мешавад. Яке аз сабқатҳои маъмултаринии ин ҷашн апсдавонӣ мебошад, ки аслан дар "Наврӯзгоҳ" баргузор мешавад.

Рӯзи 22 март дар пойтахти Тоҷикистон Ҷашнвораи фарҳанг ва сайёҳӣ таҳти номи "Наврӯз — мероси фарҳанги гардишгарӣ" баргузор мешавад.

Дар ин рӯз ҷашни гардишгарии Наврӯз ҳамчун бренди гардишгарии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.

Илова бар ин, 25 март дар маҷмааи "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе намоиш бузурги театрӣ баргузор мешавад.

Бо дастури шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ, 26 марти соли ҷорӣ дар ҳамин маҷмаа мусобиқаи миллии куштӣ, ва 31 март пойгаҳои аспӣ ба амал меоянд.

Наврӯз — ҷашни баробар шудани рӯзу шаб ва оғози соли нав дар миёни мардумони эронитабор аст ки онро бархе аз турктаборон, аз онҷумла дар Русия, Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Осиёи Хурд низ ҷашн мегиранд.

Моҳи сентябри соли 2009 ЮНЕСКО Наврӯзро дар феҳрасти осори фарҳангии башар шомил карда ва дар поёни моҳи феврали соли 2010 Маҷмаъи умумии СММ 21 мартро "Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз" эълом кард.