Раисҷумҳури Эрон Наврӯзро ба давлат ва миллати Тоҷикистон табрик гуфт

Ҳасан Руҳонӣ ба сарони 9 кишвари минтақа, ки Наврӯзро ҷашн мегиранд, паёми табрик ирсол кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёмҳои ҷудогонае фаро расидани Наврӯзро ба сарони кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Туркманистон, Арманистон, Туркия, Қазоқистон ва Узбакистон табрик гуфт.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурии исломии Эрон, Ҳасан Руҳонӣ дар ин паёмҳо умедворӣ карда, ки ба воситаи омадани баҳор, ҷаҳон барои тамоми инсонҳо, ба вижа мардуми минтақа ҳамроҳ бо якдилӣ ва якрангӣ, решакан шудани ихтилофоти қавмӣ ва мазҳабӣ ва тавъам бо оромиш ва ба дур аз ҳар гуна хушунат ва ифротигарӣ ва ҷанг бошад.

Руҳонӣ таъкид карда, ки давлатҳои кишварҳои ҳавзаи тамаддунии Наврӯз метавонанд бо илҳом гирифтан аз ин иди саросар зебоӣ ва баракат, сулҳ, иттиҳод ва адолатро барои миллатҳояшон ба армуғон оварда ва дар ҷиҳати ноил шудан ба он талош кунанд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон барои мардуми кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Туркманистон, Арманистон, Туркия, Қазоқистон ва Узбакистон соли саршор аз шодкомӣ ва беҳрӯзӣ орзу кард.